Файл: Коркарди хуни аз чорвои забшуда ассистент Ниятбекзода Ф. Л.pptx
ВУЗ: Не указан
Категория: Не указан
Дисциплина: Не указана
Добавлен: 09.11.2023
Просмотров: 27
Скачиваний: 1
ВНИМАНИЕ! Если данный файл нарушает Ваши авторские права, то обязательно сообщите нам.
КОРКАРДИ ХУНИ АЗ ЧОРВОИ ЗАБҲШУДА
Ассистент Ниятбекзода Ф.Л.
ЛЕКСИЯИ 4
Устуворкунӣ ва дефибринатсияи хун.
Устуворкунии хун. Барои пешгирии лахташавии хун устуворкунии хун гузаронида мешавад, ки ин имкон медиҳад, ки сафедаи пурраи фибриноген дар хун ҳифз карда шавад, ҳосили маҳсулоти тайёр афзоиш ёбад ва раванди технологӣ механиконида шавад. Хунро бо мақсади ба даст овардани маҳсулотҳои ғизоӣ ва техники аз хун устувор (стабилизатсия) мекунанд Ҳамчун стабилизаторҳо маҳлулҳои обии намакҳои кислотаи фосфор (три-полифосфати натрий, пирофосфати натрий, об) ва тситрат натрий истифода мешаванд.
Хуне, ки дар истеҳсоли ҳасиб истифода мешавад, бо намаки ошӣ устувор карда мешавад ва хуни барои ҷудокунӣ (сепаратсия) пешбинишударо бо намаки ошӣ устувор кардан мумкин нест, зеро гемолизи сахт дар амал мешавад.
Хун ба таври зайл устувор мекунанд. Миқдори муайяни маҳлули устуворшуда ба зарфи тоза барои ҷамъоварии хун рехта мешавад ва сипас бо истифода аз корди ковокӣ тавассути шланги резинӣ ҷамъоварӣ бо хун пур карда мешавад. Пас аз холӣ кардани хун аз ҳар ҳайвон, мундариҷаи ғунҷоиш бо ҳам омехта карда мешавад.
Дар айни замон, дар корхонаҳо системаҳои ҷамъоварии хун амал мекунанд, ки дар он устуворкунӣ дар ҷараёни бехункунӣ гузаронида мешавад, ки ин миқдори хунро зиёд ва шароити санитариро беҳтар менамояд. Ҳангоми истифодаи чунин системаҳо, стабилизаторҳо дар шакли маҳлулҳо ба артерияи каротидии хоби ҳайвонҳои беҳушшуда ҳангоми беҳушкунии онҳо ворид карда мешаванд. Пас аз ворид кардани стабилизатор, хун тавассути корди холӣ дар зери вакуум кашида мешавад.
Устуворкунии хуне, ки барои мақсадҳои техникӣ пешбинӣ шудааст, мушкилтар аст, зеро ин хун дар як желоб қабул карда мешавад, ки дар он тамоси доимии стабилизатор бо хун имконнопазир аст.
Дефибринатор К7-ФД2-М
Дифибринатсияи хун. Дар ҳолати зарурии саноатӣ, инчунин дар сурати набудани стабилизаторҳо, барои пешгирии пайдошавии лахтаҳо хун фавран пас аз ҷамъоварӣ фибринатсия карда мешавад. Ин раванд дар дастгоҳҳои махсус - дефибринатори аз пӯлоди зангнозананда, ки бо як омехтакунаки белдор муҷаҳҳаз аст, сурат мегирад (Расми 1). Дар омехтакунак диски варақи аз пӯлоди зангнозанандаи ғафсиаш 1,5 мм дар шакли тасвири чорбарг бо кунҷҳои мудаввар ва кунҷҳои секунҷа муқаррар карда шудааст.
Дефибринатор К7-ФДМ:
1 – муҳаррики электрикӣ; 2 - редуктор; 3 – ғвлтаки омехтакунак; 4 - зарфҳо, 5 – дастаи зарфҳо; 6 - шустушӯ; 7-фишанг; 8 - тир; 9 – фиксатори беҳаракат; 10 – фиксатори ҳаракаткунанда; 11 - синҷа; 12 – диски омеххтакунаки дефибринатор.
Омехтакунии хун дар дефибринатор доимо идома меёбад, омехтакунакро 4-5 дақиқа пас аз илова кардани қисми охирини хун хомӯш мекунанд. Пас аз хомӯш кардани омехтакунак, хун аз дефибринатор ба зарфҳои қабулкунанда тавассути филтри тории металлӣ бо диаметри сӯрохиаш 0,75 - 1 мм рехта мешавад. Хуни дефибринатсияшуда дар зарфҳо то гирифтани хулосаи ветеринарию санитарӣ оид ба мувофиқати он ба мақсадҳои хӯрокӣ гузошта мешавад.
Ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди хун бояд эҳтиёт кунанд, ки хун бо об омехта нашавд, зеро ин боиси гемолиз мегардад, ки дар натиҷа ранги зардоб ба ранги сурх мубаддал мешавад. Давомнокии давраи аз ҷамъоварии хун аз ҳайвон то оғози дефибринатсия набояд аз 1 дақиқа зиёд бошад. Ба таъхир андохтани раванди дефибринатсия боиси пайдоиши лахтаҳое мегардад, ки аз ҷониби омехтакунак омехта намешаванд ва дар натиҷа ба кам шудани ҳосили хуни дефибринатсия оварда мерасонад.
Баромади миёнаи хуни дефибринатсияшуда ва фибрин таносубан ба 90 ва 10% вазни пурраи хуни чорвои калони шохдор ва хук мебошад.
Хуни ғизоии дефибратсияшудаи баландии ранги сурхи гуногун сохтори якхела ва консистенсияи моеъ бе дохилшавии моддаҳои бегона буда, бояд бе буйи бегона ва буй пусидагӣ надошта бошад. Ҳиссаи вазни боқимондаи хушт бояд аз 15% кам набошад. Мавҷудияти микроорганизмҳои патогенӣ иҷозат дода намешавад.
Дефибринатсияи хун, ки барои мақсадҳои техникӣ муқаррар шудааст, дар осиёбҳо гузаронида мешавад, ки дар он ҷо хуни лахшшавандаро суфта мекунанд. Ба осиёб хуни техникӣ аз ғунҷоиш мунтазам тавассути даҳана (воронка) бор карда мешавад ва баъди раванди суфтакунӣ аз люки боркунанда ба қисми поёнии мошин рехта мешавад. маҳлули аз осиёб баромада, ин хуни дефибринатсияшуда бо омехтаи фибрини суфташуда мебошад. Баъди несткунии фибрин дар раванди филтратсия хунро ба раванди хушкунонӣ фиристода мешавад.
Дар раванди дифибратсияи хуни техникӣ ба ғайр аз осиёб сентрофугаи филтркунандаи ФМБ-602-Г-4 истифода мебаранд. Хун аз новадони қабулкунанда мунтазам ба сентрофуга меравад, ки дар он ҷо лахтаҳои хун аз таъсири қувваи мутамарказ ба элак пахш карда шуда аз он зер карда фурӯ равонда мешаванд.
Барои гирифтани вазни майдакунани нафис хуни лахташудародар мошини мутамаркази АВЖ-245К коркард мекунанд. Дар ин мошин лахтаҳои хуни пурра вайрон мешаванд, аммо хун консистенсияи моеъи худро нигоҳ медорад, ва аз он якчанд вақт фибрин ҷудо намешавад. Ин хел хунро фавран ба хушккунандащои пошдиҳандаи чархмонанд (распылительные дисковые сушилки) барои истеҳсоли албумин равона карда мешаванд.
Дастгоҳ барои қабул ва дифибри-натсияи хун: 1-қубур; 2 – баки қабулкунанда; 3-обдуздак (насос); 4 – кранҳои сечарха; 5 – кранҳои гузаргоҳ; 6-новадон; 7 – қубури гардиш; 8 - чан; 9 - майдонча; 10-панҷара; 11-муҳаррики электрикӣ; 12 – чанача (қисми муҳаррики механизм); 13 – механизми интиқолдиҳандаи лентагӣ; 14 – осиёб.
Баки қабулкунандаро дутарафа бо панҷара байни тарафҳо барои дошта гирифтани ғашҳои механикӣ, ва ҷисмҳои бегона тайёр карда мешавад. Чани такшоншавӣ ҳам дутарафа бо девораи ҷудокунандаи яклухт мебошад, имкон медиҳад онро чун ғунҷоиши қабулкунанда ва такшинкунак истифода баранд. Давомнокии такшинкунонӣ дар он 20-30 дақиқаро ташкил мегирад.
Хуни дефибринатсияшударо аз такшинкунак ба воситаи сӯрохии такшинкунак мерезанд, фибрин мондагиро бор карда аз панҷараи металлӣ бо сурохиҳои диаметри 1-2 мм филтр мекунанд, баркашида барои истеҳсоли хӯроки чорво равона мекунанд. Филтратсияи хуни суфташуда ҷудокунии пурраи қисми моеъи хунро таъмин мекунад.
Баъди филтратсия ё такшиншавии хуни дефибринатсияшуда мунтазам ё тавассути насос ба бакҳои фишор барои хушккунонӣ ё ғунҷоишҳои қабулкунанда барои консервкунонӣ фиристода мешавад. дар роҳи ҳаракати хуни дефибринатсияшуда филтри панҷарагӣ бо сӯрохиҳои 0,75-1мм гузошта мешаванд ё дар охири ноқил филтри докагӣ мебанданд.
Ҷудокунии хун (Сепарирование крови)
Барои гирифтани плазма аз хуни устуворшуда ё зардоб аз уни дефибризатсияшуда ва унсурҳои шаклӣ сепараторҳои СК-1, ФК/ЖС ва дигар намудҳо истифода мебаранд. Ҷудокунӣ (сепаратсиякунӣ) дар он асос ёфтааст,ки унсурҳои шаклӣ аз плпзма (зардоб)-и хунӣ зичии бисёртар доранд.
Қувваи марказгурез, ки дар натиҷаи гардиши устувонаи сепаратор ба вуҷуд меояд, раванди такшоншавиро хеле тез мекунад ва баромади плазма (зардоб)-ро зиёд мекунад.
нақшаи ҳаракати хун ва фраксияҳои он дар сепаратор. 1-лаъли қапак (тарелкадержател); 2 – лаълии ҷудокунанда; 3 – лаълӣ.
Нақшаи ҳаракати хун дар сепаратор дар расми оварда шудааст. Фраксияи сабук (плазма ва зардоб) ба маркази устувона зери фишори порсияҳои нав дохилшуда тавассути каналҳои дохилии лаълиқапак (тарелкодержател) ҳаракат мекунад ва ба воситаи сурохии лаълии ҷудокунанда ба ғунҷоиши муқаррашуда бароварда мешавад. Фраксияи вазнин (унсурҳои шаклӣ) ба тарафи ғайримарказии устувона ва ба каналҳои байни лаълии ҷудокардашуда ва сарпӯши устувона ба ғунҷоиши махсус равона карда мешавад. Шикоф (зазор) байни лаълиҳо ба 0,3-0,6 мм аст. Ҷудокунӣ дар фазои устувонаи сепаратор дар амал карда мешавад.
Пеш аз сепаратор баки мобайнии ҷамъкунандаи ғунҷоиши 100-200дм, муҷаҳҳаз мекунанд, ки хун аз филт гузашта ба он мунтазам меравад.
Баромади плазма ҳангоми ҷудокунӣ (бо %) аз омили ҷудокунии сепаратор,ҳарорат ва давомнокии ҷудокунӣ вобаста аст. Омили ҷудокунӣ нишон медиҳад, ки чанд бор шитоби марказгурез дар сепаратори додашуда аз шитоби афтиши озод зиёдаст.
Чӣ қадаре, ки омили ҷудокунӣ зиёд аст, ҳамон қадари дигар раванди фраксионӣ шиддатноктар аст.
Таносуби фраксияҳо, ки ҳангоми ҷудокунии хун гирифта мешаванд, аз намуди чорво вобаста аст; дар хуни чорвои калони шохдор 67% плазма, унсурҳои шаклӣ -33; дар хуни хук – ба таври мувофиқ 56 ва 44( ин хел таносуб барои устуворкунандаи хун хос аст).
Дар комбинатҳои гӯшти баландошёна баки ҷамъкунанда бо филтр одатан дар сехи запти чорво ва тақсимкунии танаи гӯшт дар чойи бехункунӣ дар назди дефибринатор, сепататорро бошаддар ошёнаи поёнтар муҷаҳҳаз мекунанд. Дар биноҳои якошёна маҷмӯи таҷҳизот барои коркарди хун бевосита дар сех ҷо ба ҷо мекунанд; баки чамъкунанда бо филтр мувофиқи мақсад дар назди сепаратор дар майдончаи махсус бо зинапоя барои додани бидонҳо бо хуни дефибринатсияшуда ё хуни устуворкунанда муҷаҳҳаз мекунанд.
Барои додани хун ба серпаратсия инчунини дигар насосҳои винтӣ ва вакуум-насосҳо истифода мебаранд. Хангоми нақлкунонӣ бо насоси винтӣ хуни устуворшуда ба воситаи найчаи қабулкунанда бо нишеби моилшуда ба баки ҷамъкунанда ворид мешавад, ки аз он ҷо тавассути насосба сепаратор дода мешавад. Плазма ва унсурҳои шаклдор баъди сепаратсия алоҳида дар бидонҳо чамъ мекунанд. Ҳангоми истифодаи насоси вакуумӣ дар система (разрежение) ба вуҷуд меояд, ки бо шабоҳати он хун аз баки қабул ба баки ҷамъкунанда меравад ва аз он ҷо мунтазам тавассути кран ба сепаратор меравад.
Такшинкунии коагулятсионии сафедаҳои хун.
Дар раванди коркард аз хун сафедаҳоро ҷудо мекунанд. Вобаста аз омилҳои таъсиркунанда коагулятсияи сафедаҳои гарм ва кимиёвиро фарқ мекунанд.
Коагулятсияи гармро дар ҳарорати 90-95°С мегузаронанд. Дар ин усул тухмии микробиологии ашё бисёр кам мешавад, ҳиссаи масса дар коагулянт бошад то 50% кам мешавад. Камбудии ин усул дар тағйирёбии хусусиятҳои сафедаҳои хун дар натиҷаи денатуратсияи (вайроншавӣ) онҳо мебошад.
Коагулятсияи кимиёвии сафедаҳо ва ҷузъи он дар муҳити турш ҳангоми рН 3,5-4,5 мегузаронанд. Ба сифати коагулянтҳо полифосфати натрий, трихлориди оҳан, лигнин ва пайвастагиҳои он истифода мебаранд. Ҳангоми истифодаи усули кимиёвии такшинкунӣ то 98% сафедаҳои хун ҷудо карда мешаванд.
Баъди безаракунии (нейтрализатсия) коагулянти сафедаро дар истеҳсоли маҳсулоти ҳасиб ва консерва истифода мебаранд, ё барои хушккунӣ равона мекунанд.
Берангкунии хун
Маҳдудияти истифодаи хун барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока дар он аст, ки он ҳатто дар иловаи миқдори кам ба маҳсулот ранги сиёҳро медиҳад. Барои ҳамин хунро беранг мекунанд.
Берангкунии хунро бо чанд намуди усул мегузаронанд. Усулҳои кимиёвӣ барои несткунии сафедаи гемоглабин асос ёфтааст. Яке аз он аз ониборат аст,ки гемоглабин дар муҳити турш бо атсетон ҷудо мешавад, он қобилияти эмулсияовар дорад.
Ба усулҳои кимиёвии берангкунии хуни пурра инчунин усули пероксидии каталазӣ дохил мекунанд, ки дар он ранги хун аз сурх ба зард мубаддал мешавад. Гемолизи эритроситҳо ҳангоми воридкунии об ва гармкунии омехта то 70° бо пероксиди гидроген дар амал мешавад. дар марҳилаи охирони реаксия барои нобудкунии пероксиди гидроген ферменти каталаза ворид мекунанд.
Коркарди эмулсияи чарбдор дар гомогенизатор бо фишор баландии ранги гемоглабинро хеле кам мекунад ва баландшавии сифати хунро дар таркиби эмулсия имкон медиҳад.
Консервкунии хун ва компонентҳои он
Хун ва маҳсулотҳои он барои микроорганизмҳо муҳити ғизоии хуб мебошанд ва ҳангоми коркарди бемаҳал дар натиҷаи фаъолияти микроорганизмҳо дар хун маҳсулотҳои таҷзияи сафеда ҷамъ мешаванд. Харакати миклофлора асосан ба ҷамъшавии сафедаҳои микроорганизмҳои моддаҳои пӯсида ва бадбӯй оварда мерасонад, ки нишондодҳои органолептикии хун ва компонентҳои онро вайрон мекунанд.
Барои пешгирии олудашавии бактериявӣ ҳангоми ҷамъкунӣ ва коркарди хун бояд қоидаҳои санитариро иҷро кард. Хуни нав дефибринатсияшуда ё хуни устуворшуда ва компонентҳои онро баъди чамъоварӣ на дертар аз 2 соат дар ҳарорати на зиёда аз 15 °С коркард мекунанд. Хун ва ҷузъҳои онро дар флагҳо ё ғунҷоишҳои махсуси омодашуда хунук мекунанд ва дар камера бо системаи хунуккунии гардиши ҳавоӣ табиӣ ва маҷбурӣ монда мешаванд. Агар хун ва ҷузъҳои он дар вақти додашуда истифодабурда нашаванд, аз онҳо консерва тайёр мекунанд. Консервкунониро бо усулҳои кимиёвӣ, яхкунонӣ ва хушкунонӣ мегузаронанд.
Консервкунонии кимиёвӣ. Ҳангоми консервкунонии кимиёвӣ ба хун, зардоб ва плазма ва унсурҳои шаклдор намаки ғизоии майдакристаллӣ ё намаки ошии майдашуда ба миқдори 2,5-3 -и вазн ва омехта мекунанд. Хуни консервшуда бо намакро дар ҳарорати на зиёд аз 15°С на зиёд аз 4 соат, дар ҳарорати назиёд аз 4°С –то 48 соат нигоҳ медоранд. Хун ва компонентҳои он бо ин усул консервшуда дар истеҷсоли ҳасиб истифода мебаранд. (ҳангоми омодакунии ресептура миқдори намаки ошӣ, ки дар таркиб ҳангоми консервкунонӣ ворид кардаанд, бояддар назар дошт).