Файл: Коркарди хуни аз чорвои забшуда ассистент Ниятбекзода Ф. Л.pptx

ВУЗ: Не указан

Категория: Не указан

Дисциплина: Не указана

Добавлен: 09.11.2023

Просмотров: 28

Скачиваний: 1

ВНИМАНИЕ! Если данный файл нарушает Ваши авторские права, то обязательно сообщите нам.


Хуни консервшуда бо намакро барои хӯроки ҳайвонот ва истеҳсоли албумини ғизоӣ истифода бурдан мумкин нест.

Хуне, ки барои мақсади техникӣ истифода мебаранд,тавассути антесептикҳо консервакунонӣ мекунанд: миқдори крезол ё фенол ба миқдори 2,5 кг барои 1 тонна хун, маҳлули 20%-и аммиак ва ғ.

Хунуккунонӣ.

Хун ва компонентхои он, ки барои нигоҳдории дароз таъин карда шудаанд, дар ҳарорати -18-35°С дар мембранаи дастгоҳҳои яхкунонии ротории намуди ФМБ, АРСА/УРМА ях мекунонанд ва барои истеҳсоли яхи пулакчадор намудҳои АИЛ-200, ИЛ-300, ИЛ-500 истифода мебаранд.

Хун ва компонентҳои он пеш аз яхкунонӣ ба қоғазхалтаҳои полимерии пленкагӣ ё дигар маводҳои обногузар ворид мекунанд. Халтаҳоро пешакӣ дар шаклҳо, қуттиҳои полиэтиленӣ, қуттиҳои картонии чиндор ё поддонҳо ба миқдори ¼ ҳаҷми маҳсулот, баста дар камераҳои яхкунонӣ мемонанд.

Барои яхкунонии хун ва компонентҳои он хати технологӣ коркард карда шудааст, ки он таҷҳизот барои қабулкунӣ, коркард ва додани хун барои хунуккуниӣ дар бар мегирад. Хун аз ғунҷоишҳои қабулкунанда, ки дар сехи забти чорво ва тақсимкунии тана мунтазам бо қубурҳо тавассути филтр ба сепаратори СК-1 ҳаракат мекунад, баъд плазма (зардоб) ва унсурҳои шаклдор ба ғунҷоишҳо мераванд. Аз рӯи меъёри ҷамъшуда ва талафшуда онҳоро ба истеҷсоли ҳасиб, ашёи зиёдати бошад бо ёрии насос ба яхкунони меравад. Яхкунонӣ дар камераи яхдон дар ҳаррати -32°С дар муддати 20 соат гузаронида мешавад. блокҳои яхкардашударо ба қуттиҳои аз картони чиндор ё халтаҳо аз материали омехта ё қоғазӣ банду баст мекунанд. Блокҳоро дар ҳарорати на зиёд аз -12°С дар муддати 6 соат нигоҳ медоранд.

Хушккунонӣ

Хушкунии хун ва маҳсулоти хунро нигоҳдории дароз дар шароити ҳарорати бетанзим ва осонкунии нақлкунонии онро таъмин менамояд.

Аз ҳама зиёдтар хушкунии пошхуранда васеъ паҳн шудааст. Ин раванд аз се марҳилаи пай дар пай гузаранда иборат аст: пошхурии маҳлул бо қабати тунук, хушкунии он дар хавои гарм ва ҷудокунии ҳиссаҳои маводи хушккунанда аз ҳаво. Андозаи майда шудани моддаи мавод,ки пош мехӯрад (диаметри ҳиссачаҳо 50-100мкм) баланд аст, майдони алоқаи мавод бо гармибар тез калон мекунад. Суръати баланди хушкунии пошхуранда имкон медиҳад, ки раванди пай дар пайро ташкил карда, кори воситахои хушкуниро пурра механиконида ва автоматӣ кунад.

Коркарди хун барои маҳсулоти ғизоӣ, табобатӣ, хӯроки чорво ва техникӣ


Сарчашмаи асосии пуркунандаи захираҳои сафеда, ғизоӣ ва хӯроки чорво ин хуне аст, ки ҳангоми забти чорво гирифта мешавад. Арзишнокии биологии он аз он иборат аст, ки дар таркиби он миқдори зиёди сафедаҳо, намакҳои минералӣ, витаминҳо ва гомонҳо мебошад. Аз рӯи таркиби сафеда хун қариб багӯшт баробар карда мешавад. Масалан, дар гӯшти гови категорияи II 20,5% сафеда,дар хуни ҳайвони забтшуда қариб 18,5% сафедадорад. Сафедаҳои хун хубҳал мешаванд. Дар таркиби хун фосфатҳо дар намуди леситан барои ҳалшавии равғанҳои хӯрок истифода мебаранд.