ВУЗ: Не указан

Категория: Не указан

Дисциплина: Не указана

Добавлен: 10.11.2023

Просмотров: 48

Скачиваний: 2

ВНИМАНИЕ! Если данный файл нарушает Ваши авторские права, то обязательно сообщите нам.

Љадвали 5.5-Таркиби фибриноген бо таносуби худ аз аминокислотаҳои пурқимати ивазнашаванда иборат мебошад, ки дар љадвал нишондода шудааст.

Аминокислотаҳо

Номгўи сафедаҳо, %

Фибриноген

Албумин

Глобулин

Гемоглобулин

Валин

3,9

2,5

5,5

9,1

Лейсин

14,3

13,7

18,7

16,6

Изолейсин

5,0

2,9

1,0

-

Метионин

2,6

1,3

1,0

1,6

Триптофан

3,5

0,6

2,3

1,2

Треонин

7,9

6,5

8,4

6,8

Лизин

9,0

12,4

6,2

7,5

Фенилаланин

7,0

6,2

3,8

5,3

Фибриноген дорои хусусияти махсус буда бо таъсири ферментҳои плазма ба сафедаи ҳалнашаванда фибрин табдил меёбад.

Қисми боқимондаи маҳсули онро зардоб меноманд, ки аз плазма бо таркиби сафеда танҳо љузъи албумин ва глобулин иборат аст.

Таркиби эритроситҳо 57-68% аз об иборат аст. Қисми зиёди боқимондаи хушки эритроситҳоро ҳиссаи пигменти сурхи-гемоглобин ташкил менамояд, ки миқдоран аз 30 то 41%-ро дар бар мегирад.

Лахташавии хун-хуне, ки пас аз қассобї аз бадани чорво љори мешавад, тез лахта мегардад.

Вақти лахташавии хун дар ҳайвонҳои гуногуни қассобишаванда ҳархела мебошад: ҲКШ 6,5-10 даќиќа; хукҳо-3,5-5; ҲХШ-2,5-4, паррандаҳо 1, аспҳо-11-15 даќиќаро ташкил медиҳад.

 

Барои аз лахташавӣ нигоҳдоштани хуни чорвои гуногун ба таркиби хун маҳлулҳои гуногуни ферментӣ ҳамроҳ карда мешавад. Масалан: илова намудани мањлули хлориди натрий, дар таркиби хуни ҲКШ ба мўҳлати 24 соат хунро аз лахташавї нигоҳ медорад, хуни хукҳоро то 10 соат. Плазмаи хуни ҳ.к.ш. ба таъсири гепарин нисбат ба плазмаи хуни қучқорҳо ҳиссиёти бештар дорад. Таъсири муътадил нигоҳдории синантрин-130, дар хуни ҳ. к. ш. нисбат ба хуни хукҳо бештар аст.



Барои аз лахташавӣ нигоҳдоштани хуни чорвои гуногун ба таркиби хун маҳлулҳои гуногуни ферментӣ ҳамроҳ карда мешавад. Масалан: илова намудани мањлули хлориди натрий, дар таркиби хуни ҲКШ ба мўҳлати 24 соат хунро аз лахташавї нигоҳ медорад, хуни хукҳоро то 10 соат. Плазмаи хуни ҳ.к.ш. ба таъсири гепарин нисбат ба плазмаи хуни қучқорҳо ҳиссиёти бештар дорад. Таъсири муътадил нигоҳдории синантрин-130, дар хуни ҳ. к. ш. нисбат ба хуни хукҳо бештар аст.




3.Таркиб ва хусусияти ферментҳои –эндокриниву маҳсулоти махсус.

 

Баъзе аз намудҳои маҳсулоти хомро дар натиљаи қассобии чорвои хољагии қишлоқ, ки барои тайёр кардани намудҳои доруворї дар соҳаи тандурустї ва байторї барои пешгири ё табобат намудан аз касалиҳои гуногун истифода мешаванд. Истифодаи намудҳои гуногуни препаратҳо дар соҳаи зоотехния метавонад равандҳои мубодилаи моддаҳоро дар организми чорво мунтазам танзим намоянд. Дар организм ворид намудани намудҳои гуногуни гормонҳо, раванди мубодилаи моддаҳоро тезонида ҳаддалимкон маҳсулоти чорворо меафзоянд.

Дар замони ҳозира баъзе аз намуди гормонҳо ба тарзи химиявї ва биохимиявї ҳосил карда мешаванд.

Вале беҳтарин роҳи асоси истеҳсоли препарати гормониву ферментї пас аз коркарди узву бофтаҳои чорвои қассобишуда истеҳсол карда мешаванд.

хусусияти ферментҳои –эндокриниву

маҳсулоти махсус

Ба сифати маҳсулоти эндокринӣ- ферментї ва махсус узву бофтаҳои зерин истифода бурда мешаванд: љуфт ғадудҳои зери меъда, тимуси зери гурда, ғадудҳои љинсї, пардаи бачадон, пардаи меъдаи хук, ширдони ҲШК ва бузу гўсфанд, пардаи рудаи борик, хун, љигар, талхадон, шуш, харной, ғадуди ширї, мағзи сару сутунмуҳра ва бофтаҳои мушакии танаи оинамонанди чашм.

Ҳар яки ин узву бофтаҳо, барои коркард ва истеҳсол намудани препарат ва дорувориҳои гуногун дар соҳаи тандурустї ва тибби ветеринарї васеъ кор фармуда мешаванд.

Масалан: ѓадуди гипофизро барои истеҳсоли пролактин- бар зидди касалии инсулин ва зопрессин-ба зиёд намудани фишори хун, кашишхўрии бофтаҳо, окситосин барои тезонидани кашишхурии бачадон дар вақти зоиш истифода мебаранд.

Аз ғадуди љуфти сипартакол паратирекрии истеҳсол мешавад барои касалиҳои тетании диқќи нафас пўст истифода мебаранд. Ғадуди сипаршаклро барои ҳосил намудани тироксин, трийодтронин, ки дар таркибашон аминокислотаҳои ёд дошта истеҳсол менамоянд. Препарати тиреодин, ки аз ғадуди сипаршакл истеҳсол мегардад барои рафъи касалиҳои микседеми, кретанизм ва харобшавї истифода менамоянд.

Тимусро ғадуди эндокрини ҳосил менамояд, ки ин гормон ба қобилияти ҳимояи организм манфиатнок аст.

Ғадуди зери меъдаро-барои истеҳсоли гормонҳо ва препаратҳои ферментї дар ҳосил кардани инсулин истифода мебаранд. Мављуд будани инсулин дар маҳсулот ва инчунин баромади он дар мавриди коркард аз намуд, синни чорво, мавсими сол вобаста аст. Миқдори бештари инсулин дар ғадуди зеримеъдаи хукҳо мављуд аст. Дар фасли зимистон нисбат ба тобистон зиёд мебошад. Инсулин дар ҳайвонҳои солрасидаи шохдори калон бештар нисбати љавонаҳо аст. Ғайр аз инсулин аз партовҳои ғадуди зеримеъда моддаи фаъоли- липокаин-ҳамчун полипептид ҳосил карда мешавад, ки барои барзиёд равғангирии љигар истифода мебаранд.



Перепаратҳои трипсин, химотроксин, панкрсатинро барои давои ноқисии фаъолияти меъда, касалиҳои шамолхурии роҳи нафас (шуш), чашм фаромушхотирї, варами гушу бофтаҳо ва ғайра истифода мебаранд. Панкреатини техникї дар саноати пўст ба сифати мулоимкунанда истифода мешаванд.

Аз ғадудҳои болои гурда перепарати адреналин истеҳсол карда мешавад, ки барои паст кардани фишори хун, боздоштани хунравї, диққии нафас, ва препарати картин дар бартараф кардани касалиҳои нуқрагї; сустии мушакҳо, артрит, баъзе касалиҳои чашму пўст истифода бурда мешаванд.

Аз мағзи сутунмўҳра холестерин гирифта мешавад, ки барои ҳосил намудани гормонҳои стероидї, леситин дар тайёр кардани препаратҳои доруворї истифода мебаранд.

Дар истеҳсоли препаратҳои табобатї ва табобативу ғизої, хунро истифода мебаранд. Ба монанди гематоген- барои камхунї, пленкаи фибрини ва ғайра. Танаи шушамонанди чашм, ғадуди шири ҲКШ (маммотосин) тағоякҳо (хонсурид) истеҳсол менамоянд. Дар солҳои охир омўзишу тадқиқотҳо оиди маҳсулоти эндокрини-ферментї, як раванди нави истеҳсол ва истифода ба перепаратҳои табобатӣ роҳ мекушояд.

 



САВОЛҲО БАРОИ НАЗОРАТ:
  • Ба маҳсулоти дуюмдараҷа чӣ дохил мешавад?
  • Ба маҳсулоти дуюмдараҷаи навъи якум кадом намуди маҳсулот дохил мешавад?
  • Ба маҳсулоти дуюмдараҷаи навъи дуюм кадом намуди маҳсулот дохил мешавад?
  • Қимати ғизоии маҳсулоти дуюмдараҷа аз чӣ воюастагӣ дорад?
  • Хуни чорво чӣ хусусият дорад?
  • Дар таркиби хуни чорво кадом намуди сафеда мавҷуд аст?
  • Дар таркиби хуни чорво кадом намуди моддаҳомавҷудҳастанд?
  • Нақши лахташавии хун аз кадом марҳилаҳо иборат аст?
  • Ба сифати маҳсулоти эндокринӣ-ферментӣ кадом маҳсулотдохил мешавад?
  • Аз хун кадом намуди прерарат-доруворӣ истеҳсол карда мешавад?