ВУЗ: Не указан
Категория: Не указан
Дисциплина: Не указана
Добавлен: 22.11.2023
Просмотров: 81
Скачиваний: 2
ВНИМАНИЕ! Если данный файл нарушает Ваши авторские права, то обязательно сообщите нам.
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН | ||||||
ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ | ||||||
ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН | ||||||
ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд | ||||||
| ||||||
Факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ | ||||||
Кафедраи молия ва қарз | ||||||
| ||||||
| ||||||
| | | ||||
РИСОЛАИ ХАТМ | ||||||
| | | ||||
Мавзӯъ: | | Таҳлили самаранок истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ | ||||
Ихтисос: | | 1_250104 – молия ва қарз | ||||
Зинаи таҳсилот: | | Бакалавриат | ||||
| | | ||||
Иҷрокунанда: | | Донишҷӯи курси 4 - уми гурӯҳи 250104 тф Азбаров РухшонРахимқулович | ||||
Роҳбари илмӣ: | | Ҳаитова Насиба Нӯмонҷоновна | ||||
| | | ||||
Хуҷанд – 2021 |
| | | |
Рисолаи хатм оғоз шуд: аз «___»___ с 20_____
Ба ҳимоя роҳ дода шуд: аз «___»___ с 20____
| Имзои мудири кафедра | _________ | Раупов Комилҷон Самиевич |
| Имзои роҳбари илмӣ | _________ | Ҳаитова Насиба Нӯмонҷоновна |
| Котиби КАХ | _________ | Акбарова Насиба Абдурахимовна |
| Имзои донишҷў | _________ | Азбаров Рухшон Рахимқулович |
МУНДАРИҶА
| САҲ |
МУҚАДДИМА........................................................................ | 4 |
1. АСOСҲOИ НАЗАРИЯВИИ ТАҲЛИЛИ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ДОРОИҲОИ ГАРДОНИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОРӢ................................. | 8 |
1.1. Моҳияти дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ........................ | 8 |
1.2. Таснифоти дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ.................... | 12 |
1.3. Усулҳoи асoсии таҳлили самаранок истифодабарии дороиҳои гардон................................................................................................................ | 19 |
2. ТАҲЛИЛ ВА БАҲОДИҲИИ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ДОРОИҲОИ ГАРДОНИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОР (ДАР МИСOЛИ ҶДММ “Кабири Хуҷанд”)... | 29 |
2.1. Таҳлили таркиб ва сохтори дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ........................................................................................................ | 29 |
2.2. Таҳлили сохтории сарчашмаҳои маблағгузории дороиҳои гардони ташкилот............................................................................................ | 33 |
3. САМТҲОИ АСОСИИ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ДОРОИҲОИ ГАРДОНИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОРӢ............................................................................... | 38 |
3.1. Таҳлили нишoндиҳандаҳoи самаранoк истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ....................................................... | 38 |
3.2. Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ....................................................... | 43 |
ХУЛОСА................................................................................... | 47 |
ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТҲО................................................... | 50 |
ЗАМИМАҲО............................................ ................................ | 52 |
МУҚАДДИМА
Гузориши масъала. Дар шароити имрӯза, дар шарти талоши рақобат мустақилияти корхона, масъулияти иқтисодӣ ва ҳуқуқии он баланд мегардад. Бо суръати баланд моҳияти устувори молиявии субъекти хоҷагидорӣ зиёд мешавад. Ҳамаи ин мавқеи расионалии идоракунии захираҳои молиявии ташкилотро баланд мебардорад.
Барои рушди бомуваффақият дар шароити иқтисодиёти бозории ташкилот идоракунии касбии ҳамаи захираҳои он асосӣ ҳисобида мешавад. Мавқеи асосиро маҳорати таҳлили дороиҳои гардони ташкилот мегирад, зеро аз он рушди самаранокии истеҳсолот, гирифтани фоидаи максималӣ ва баланд бардоштани рақобатнокии ташкилот вобаста аст.
Муҳимияти мавзӯи тадқиқот. Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти навбатии худ бо вакилони Маҷлисии миллии Олии кишвар қайд карданд, ки “Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Инунин қайд намуданд, ки соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта бошад.Танҳо дар соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамин тавр бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд”1.
Бояд қайд намудан лозим аст, ки яке аз олоти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ ин зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ки онро танҳо бо дуруст ва самаранок истифодабарии захираҳои ташкилот ба даст оварда мешавад. Аз ҳамин лиҳоз мавзӯи интихоб намуда мо таҳлили самаранок истифодабарии дороиҳои гардони ташкилот барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мусоидат мекунад.
Яке аз шарти асосии бо сифат истифодабарии дороиҳои гардони ташкилот ин таҳлили ҳолати молиявии он мебошад. Дар шароити муосир ҳолати молиявии ташкилот натиҷаи охири фаъолияти онро нишон медиҳад, ки он на танҳо ба кормандон, балки ба ҳамкорон аз рӯи фаъолияти иқтисодӣ, ба давлат, ба молия, ба мақомотҳои андоз низ зарур мебошад.
Аз ҳамин лиҳоз барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуби фаъолият, мушоҳида ва таҳлили тағйирёбии истифодаи дороиҳои гардон ва такмилии низоми идоракунии онҳо аҳамияти хоса дода мешавад.
Актуалнокии таҳлили сарчашмаҳои ташаккули дороиҳои гардон аз ҳолати молиявии ташкилот ва устувории он вобаста мебошад, ки он асосан ба кадом активҳо сармоягузорӣ шудааст, он чӣ қадар даромад меорад вобаста мебошад. Ташаккули дороиҳои гардон ба молиячиён ва иқтисодчиён майдони васеъи фаъолиятро барои қабули стратегияҳои самаранок ва оперативӣ, ҳалли идоракунии он, самти ҷобаҷокунии воситаҳои ташкилотро нишон медиҳад.
Дар шароити иқтисодиёти бозоргони роҳбари ташкилот аниқ донистанаш лозим аст, ки сармоягузорӣ ба кадом воситаҳо воситаҳои асосӣ ва ё гардон, чӣ қадари он дар соҳаи истеҳсолот ва гардиш равона карда шудааст. Чӣ қадар онҳо оптималӣ ҷойгир карда шуда бошанд, ҳамон қадар ташкилот ба натиҷаи мусбӣ ва устувори молиявӣ ноил мешавад.
Объект ва предмети омӯзиш. Объекти мавзӯи тадқиқот ин ташкилоти ҶДММ “Кабири Хуҷанд” мебошад. Объекти тадқиқот ин таҳлили баҳодиҳии самаранок истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ мебошад.
Мақсад ва ҳадафи пажӯҳиш. Мақсади навиштани рисолаи хатми мазкур ин омӯхтани асосҳои назариявии таҳлили дороиҳои гардони ташкилот ва коркарди пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии онҳо дар ташкилот мебошад.
Барои ноил шудан ба мақсади гузошта шуда чунин вазифаҳо гузошта шудаанд:
- омӯзиши моҳияти дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ;
- омӯзиши таснифоти дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ;
- омӯзиши усулҳои асосии таҳлили самаранок истифодабарии дороиҳои гардони ташкилот;
- гузаронидани таҳлили таркиб ва сохтори дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ;
- гузаронидани таҳлили сохтории сарчашмаҳои маблағгузории дороиҳои гардони субъектони хоҷагидорӣ;
- гузаронидани таҳлили самаранок истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ;
- коркарди тавсияҳо доир ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ.
Дараҷаи омӯзиши мавзӯъ. Мавзӯи мазкур аз тарафи олимони хориҷӣ ба монанди М.И. Баканов, И.А. Бланков, О.В. Ефимов, Е.В.
Свирская, Н.А. Батурина, Барнгольц С.Б., Голикова О.В., Грибов В.Д., Горфинкель В.Я., Грицай А.П., Грузинов, Иванов Н.И., Ковалев В.В., Кузнецов В.В., Лисициан Н.С., Нестеренко Е.Г., Парфаняк П.А., Сироткин С.А., Сухарев А.М., Швандар В.А ва ғайраҳо мебошад.
Сохтори рисолаи хатм. Сохтори рисолаи хатми мазкур аз сарсухан, 3 боб, хулоса ва феҳристи адабиётҳо иборат мебошад.
Дар сарсухан мақсад ва вазифаҳо, сохтори мухтасари бобҳо оварда шудааст.
Боби якум “Асосҳои назариявии таҳлили самаранок истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ” буда, дар он моҳияти дороиҳои гардон, таснифоти дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ ва усулҳои баҳодиҳии самаранок истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ маълумот оварда шудааст.
Боби дуюм “Таҳлил ва баҳодиҳии самаранок истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ дар мисоли ҶДММ “Кабири Хуҷанд”” буда, дар он таҳлили сохтор ва таркиби дороиҳои гардони ташкилот, таҳлили сарчамшаҳои маблағгузории дороиҳои гардони ташкилот маълумот оварда шудааст.
Боби сеюм “Самтҳои асосии самаранок истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ” буда, дар он таҳлили нишондиҳандаҳои самаранок истифодабарии дороиҳои гардони ташкилот ва коркарди тавсияҳо оид ба баланд бардоштани самаранок истифодабарии дороиҳои гардон маълумот оварда шудааст.
Дар охир аз рӯи бобҳои иҷрошуда хулосаи умумӣ оварда шудааст.
Рисолаи хатми мазкур аз 8 ҷадвал, 8 расм ва 14 феҳристи адабиётҳоро дарбар мегирад.
-
АСOСҲOИ НАЗАРИЯВИИ ТАҲЛИЛИ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ДОРОИҲОИ ГАРДОНИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОРӢ
-
Моҳияти дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ
Беҳбудии иқтисодии ҳар як сохтори соҳибкориро асосан вазъи дорои гардон муайян мекунад. Имрӯз аксарияти ташкилотҳо ба воситаи гардон ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз, аҳамияти таҳияи масъалаҳои омӯхтани моҳияти дорои гардон ва идоракунии оқилонаи он аҳамияти махсусро талаб менамояд.
Омӯзиши консептуалии истилоҳи иқтисодии «дороиҳои гардон», инчунин масъалаҳои истифодаи самараноки он аз ҷониби олимон-иқтисодчиёни шӯравӣ бомуваффақият анҷом дода шуданд.
Дар айни замон тадқиқотчиён ба омӯхтани ин масъала таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намекунанд, ки ин боиси аз даст додани муттасилии омӯзиши категорияҳои иқтисодии «дороиҳои гардон» гардид. Ин ҳолатҳо интихоби самти омӯзишро муайян мекунанд. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ аксар вақт чунин мафҳумҳо, ба монанди "сармояи муомилот", "дороиҳои гардон", "воситаҳои гардиш" муайян карда мешаванд.