Файл: Донишкадаи политехникии.docx

ВУЗ: Не указан

Категория: Не указан

Дисциплина: Не указана

Добавлен: 22.11.2023

Просмотров: 82

Скачиваний: 2

ВНИМАНИЕ! Если данный файл нарушает Ваши авторские права, то обязательно сообщите нам.

Сарчашма: Мостипак О.А. “Оборотные активы и эффективность его использвания”, Алтайский государственный университет. Барнаул, 2019.- 67с.
Ҳамчунин чунин таснифоти дороиҳои гардон мавҷуд аст:

- вобаста ба манбаъҳои ташаккул - дороиҳои гардон хусусӣ ва сармояи қарзӣ;

- вобаста ба пардохтпазирӣ (суръати табдил ба пули нақд) - дороиҳои комилан пардохтпазир, дороиҳои ҷории ба зудӣ фурӯхташуда, дороиҳои ҷараёни суст фурӯхташуда;

- вобаста ба дараҷаи хавфи сармоягузории дороиҳо - дороиҳои амалкунанда бо хавфи ҳадди ақали сармоягузорӣ, дороиҳои ҷории дорои хавфи пасти сармоягузорӣ, дороиҳои ҷории дорои хавфи миёнаи сармоягузорӣ, дороиҳои ҷории дорои хавфи баланди сармоягузорӣ;

- вобаста ба стандартҳои баҳисобгирӣ ва инъикос дар тавозуни ташкилот - дороиҳои ҷории дар саҳмияҳо, қарзҳои дебиторӣ, сармоягузориҳои кӯтоҳмуддати молиявӣ, пулҳо, дигар дороиҳои ҷории;

- вобаста ба мундариҷаи моддӣ - ашёи меҳнат, маҳсулоти тайёр ва молҳо, пули нақд ва маблағҳо дар ҳисобҳо [7, с. 12-14].

Сохтори дороиҳои гардон ҳамчун таносуби байни унсурҳо дар ҳаҷми умумии дороиҳои гардон фаҳмида мешавад.

М.В. Романовский “дороиҳои гардон ба 2 гурӯҳ ҷудо мекунанд: дар амалиёти пешрафти фондҳои гардони истеҳсолӣ ва фонди муомилотӣ.

Дороиҳои ҷорӣ



Фондҳои гардони истеҳсолӣ

Фонди муомилотӣ







Маҳсулоти тайёр дар захира буда; фурӯши молҳо; фиристодани маҳсулот ба харидорон ва мизоҷон; сармоягузории кӯтоҳмуддат; воситаҳои пулӣ (хазина, ҳисоббаробаркунии бо асъори хориҷа).



Ашёи хом; маҳсулоти нимтайёр; маводҳои ёрирасон; сӯзишворӣ; қисмҳои эҳтиёти; пӯшидани сатҳи арзиши пасти моддаҳо; фаъолияти пешравӣ; хароҷоти давраи оянда.






Расми 1 - Таснифоти дороиҳои гардони корхона аз рӯи ақидаи Романовский
Мувофиқи расми 1 маълум гардид, ки воситаҳои гардони корхона ба дороиҳои ҷорӣ фондҳои гардони истеҳсолот ва фонди муомилотӣ тақсим мешаванд. Аз он ҷумла бо самаранок будани гардиши маблағҳо, захираҳои ашёи хоми нотамоми фаъолияти пешрафта ва хароҷотҳои пешпардохти оянда мебошад. Ба фонди муомилотӣ дохил мешаванд: қарзи дебиторӣ, восситаҳои пулӣ ва маблағгузориҳои кӯтоҳмуддат.

Бинобар ба гуфтаи М.Г. Лапускина, Т.Ю. Мазурина ва Л.Г. Скамай дар таърифи худ ҳам қайд кардаанд, ки намуди сарчашмаҳои воситаҳои гардонро. Ҳамин тавр дар зери дороиҳои ҷорӣ олимон дарк кардан, ки “Арзиш ба пешравиҳои дар шакли худ, маблағҳои қарзгирӣ барои ташаккули гардиши воситаҳои истеҳсолот ва бо мақсади таъмин намудани маблағҳо ба давомнокии гардиши маблағҳо дар раванди такрористеҳсолӣ васеъ мебошад”. [4, с. 228].

Ба ақидаи муаллифон, маҷмӯи тақсим шудани дороиҳои гардон ба фондҳои гардони истеҳсолӣ ва фонди муомилотӣ ин тамоман нодуруст аст, ки аз як қисми дороиҳои гардон дар раванди истеҳсолот иштирок намекунад ва ба фурӯши маҳсулот равона карда мешаванд. Ҳамин тавр, сармоягузориҳои кӯтоҳмуддат дар давраи амалиётии ширкат иштирок намекунанд, яъне онро наметавон ба фонди муомилот мансуб карда шавад, на ба фондҳои гардони истеҳсолот. Ба ақидаи муаллифон сохтори дороиҳои гардон бояд чунин намуд дошта бошад.


Дороиҳои гардон

Воситаҳои пулӣ

Маблағгузории кутоҳмуддат




Фондҳои гардони истеҳсолӣ




Қарзҳо ба дигар корхонаҳо

Сармоягузории дар бозорӣ молиявӣ

Фонди муомилот




Воситаҳо пулӣ барои амалиётии ҷории молиявӣ

Қарзи дебиторӣ

Маҳсулоти тайёр










Сармоягузорӣ дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок

Сармоягузорӣ дар бозори пулӣ


Расми 2 - Сохтори дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ
Дороҳои гардони корхона аз воситаҳои пулӣ ва маблағгузории кӯтоҳмуддат иборат аст. Ба воситаҳои пулӣ дохил мешаванд: фондҳои гардони истеҳсолӣ ва фонди муомилотӣ. Ба фондӣ муомилот дохил мешавад: маҳсулоти тайёр, қарзи дебиторӣ ва воситаҳо пулӣ барои амалиётии ҷории молиявӣ. Ба маблағгузории кӯтоҳмуддат дохил мешавад: қарзҳо ба дигар корхонаҳо ва сармоягузорӣ дар бозори молиявӣ.

Дар асоси сохтори зерин ба хулоса омадем, ки “Дороиҳои гардон” ва “Воситаҳои пулӣ” онҳо айнан монанд нестанд. Ҳамин тавр ба ақидаи муаллиф дороиҳои гардон - ин маҷмӯи дороиҳои ҷории пулӣ аст, ки як қисми молу мулки корхонаро барои таъмин намудани раванди истеҳсолот истифода бурда, аз фурӯши маҳсулот ва қисми даромади он ба сармоягузории кӯтоҳмуддат ҳамчун ҳақусаҳм дода мешавад.


Ба ақидаи муаллифон, воситаи гардон вобаста ба ташаккули он ба манбаҳои моликияти худӣ ва ҷалбшуда ҷудо мешаванд. Ба сарашмаҳои моликияти худӣ фоидаи софи корхона дахил мешавад, ба қарзҳо (заём) – қарзӣ бонкӣ, барои ҷалбӣ – ӯҳдадориҳои устувор, маблағҳои дигар корхона тибқи шартҳои корхонаи муштарак истифода бурда мешавад.

Дар сатҳи бозоргирии воситаҳои гардон тақсим мешаванд ба бетаъхир амалӣ гардонидан: ( қарзи дебиторӣ, сармоягузории дар бозори пулӣ); ба зудӣ амалӣ гардонидан ( сармоягузори дар сатҳи бозоргирии баланди – қоғазҳои қимматнок, пардохти қарзи дебиторӣ, таъмин кардани гарав(обеспеенная залогом), зомин ё ин ки кафолати бонкӣ); оҳиста амали гардонидан (захираҳои истеҳсолӣ); мураккаб (захираҳои ашёи хом ва маҳсулоти тайёр) ва ғайрибозоргир (қарзи беэътимод).

Бино ба гуфтаи И.А. Бланк гурӯҳбандии воситаҳои гардонро ба 4 гурӯҳ ҷудо мекунад, ки он дар расми 3 инъикос карда шудааст.

Аз ин намудҳои дороиҳои ҷорӣ тақсим мешаванд ба захираҳои ашёи хом, материалҳо, полуфабрикаҳо, захираҳои маҳсулоти тайёр, пардохти қарзи дебиторӣ, пулҳои нақд ва ҳамарзишҳои онҳо ва дигар дороиҳои ҷорӣ. Ба ақидаи муаллифон, сармоягузории кӯтоҳмуддати молиявӣ онҳо бояд ҳамчун объекти алоҳида ҷудо карда ва онҳо хусусиятҳои идоракунии муайянро талаб мекунанд. Дар гурӯҳбандии боло зикршуда профессор М.В. Романовский ва И.А. Бланк онҳо фикр намекунанд, оё тақсимоти воситаҳои гардон дар сатҳи хавфнок аст.

Аз рӯи хусусияти манбаъҳои маблағгузорӣ

Гурӯҳбандии дороиҳои ҷорӣ







Фуруши маҳсулоти умумии дороиҳои ҷорӣ




Дар қисми тағйирёбанда аз дороиҳои ҷорӣ



Қисми доимии дороиҳои ҷорӣ

Дар давраи фаъолиятӣ

Дигар дороиҳои ҷорӣ

Пулҳои нақд ва ҳамарзишҳои онҳо

Пардохти қарзи дебиторӣ

Захираҳои маҳсулоти тайёр

Захираҳои ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр

Аз рӯи намудҳо

Дороиҳои ҷорӣ, хизматрасонии дар сикли молиягузории корхона

Дороиҳои ҷорӣ, хизматрасонии дар сикли истеҳсоли корхона

Бо хусусияти иштирок намудан дар раванди амалиётӣ