Файл: Донишкадаи политехникии.docx

ВУЗ: Не указан

Категория: Не указан

Дисциплина: Не указана

Добавлен: 22.11.2023

Просмотров: 85

Скачиваний: 2

ВНИМАНИЕ! Если данный файл нарушает Ваши авторские права, то обязательно сообщите нам.

Сарчашма: Ҳисобукитоби муаллиф аз рӯи ҳисобот
Таҳлили сарчашмаҳои худии маблағгузории дороиҳои гардон нишон дод, ки қисми асосии сармояи худиро сармояи оинномавии субъекти хоҷагидорӣ ташкил медиҳад, ки вазни қиёсии он дар соли 2019 ба 96,71% ва дар соли 2020 ба 95,31% баробар мебошад.

Ҷиҳати мусбии фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ дар он аст, ки сарчашмаҳои худӣ дар соли 2020 нисбати соли 2019 ба 4334 сомонӣ ё 1,91% зиёд гардидааст. Сабаби асосии зиёдшавии онро фоидаи тақсимнашудаи соли ҷорӣ ташкил дода, он дар соли 2020 нисбати соли 2019 ба 53% зиёд гардид.

Ҳоло сарчашмаҳои қарзии маблағгузории дороиҳои гардони субъекти хоҷагидориро дар ҷадвали зерин таҳлил менамоем.

Ҷадвали 13 – Таҳлили тамоюл ва сохтори сарчашмаҳои қарзии маблағгузории дороиҳои гардон дар солҳои 2019-2020

Нишондиҳандаҳо

Соли 2019

Соли 2020

Тамоюл

Сомонӣ

бо %

Сомонӣ

бо %

Мутлақ

Нисбӣ,%

Ҳисоб барои пардохт

214501

91,80

227484

76,91

12983

6,05

Музди меҳнат барои пардохт

5085

2,18

1595

0,54

-3490

-68,63

Дигар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат

14070

6,02

66692

22,55

52622

374,00

Ҳамагӣ Ӯҳдадориҳо

233656

100,00

295771

100,00

62115

26,58

Сарчашма: Ҳисобукитоби муаллиф аз рӯи ҳисобот
Таҳлили сарчашмаҳои қарзии маблағгузории дороиҳои гардон нишон дод, ки қисми зиёди дороиҳои гардон аз ҳисоб барои пардохт маблағгузорӣ карда мешавад, ки вазни қиёсии онҳо дар ҳаҷми умумии ӯҳдадориҳо дар соли 2019 ба 91,8% ва дар соли 2020 ба 76,91% баробар мебошад. Ҳамчунин дигар ӯҳдадориҳо дар соли 2019 ба 6,02% ва дар соли 2020 ба 22,55% баробар шуд. Ҷиҳати мусбии фаъолияти ташкилот дар он аст, ки музди меҳнатро дар соли 2020 пардохт намудааст, ки он нисбати соли гузашта ба 68% кам гардид.

Ҳоло сохтори сармояи субъекти хоҷагидориро дар расмҳои зерин таҳлил менамоем.








Расми 8 - Таҳлили сохтори сармояи субъекти хоҷагидорӣ дар соли 2019-2020

Чӣ хеле ки аз таҳлили сохтори сармоя маълум шуд, қисми зиёди сарчашмаи маблағгузории дороиҳои гардонро сармояи худӣ ташкил менамояд, ки он 67% - ро дар соли 2019 ва 70% дар соли 2020 ташкил медиҳад. Сабаби ин гирифтани фоида дар соли 2020 мебошад.

Ҳамин тавр таҳлили сарчашмаҳои маблағгузории дороиҳои гардони ташкилот нишон медиҳад, ки субъекти хоҷагидорӣ дар ҳолати устувор қарор дошта, қисми зиёди сарчашмаи маблағгузории дороиҳоро сармояи худӣ ташкил медиҳад ва ӯҳдадориҳои худро сари вақт пардохт менамоянд.
Хулоса оиди боби дуюм. Дар натиҷаи Таҳлил ва баҳодиҳии самаранок истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидор дар мисоли ҶДММ “Кабири Хуҷанд” муайян карда шуд, ки

  • Кабири Хуҷанд яке аз машҳуртарин корхона дар истеҳсоли маҳсулоти гӯшти ва шири дар Тоҷикистон мебошад. Ин корхона зиёда аз 10 сол дар бозори дохила фаъолият мебарад;

  • дороиҳои гардони корхона аз воситаи пулӣ, қарзҳои дебиторӣ, захираҳои молию моддӣ, инчунин дигар дороиҳои гардон иборатанд;

  • сохтори он барои солҳои 2019 – 2020 қисми асосиро қарзи дебиторӣ ташкил мекунанд, ки вазни онҳо дар умум ба 54,5% ва 51,48% - ро ташкил мекунад. Инчунин 33,64% дар соли 2019 ва 46,3% дар соли 2020 захираҳои молию моддӣ, дигар дороиҳои гардон 7,99% дар соли 2019 ва 1,81% дар соли 2020 ташкил мекунад;

  • сабаби асосии зиёдшудани дороиҳои гардони ташкилот ин дар зиёдшудани қарзи дебиторӣ ба 115746 сомонӣ ва захираҳои молию моддӣ ба 143910 сомонӣ мебошад;

  • ҳамчунин сарчашмаҳои маблағгузории дороиҳои гардони ташкилотро сармояи қарзӣ ва худӣ ташкил мекунад;

  • аз таҳлили сохтори сармоя маълум шуд, қисми зиёди сарчашмаи маблағгузории дороиҳои гардонро сармояи худӣ ташкил менамояд, ки он 67% - ро дар соли 2019 ва 70% дар соли 2020 ташкил медиҳад.



3.САМТҲОИ АСОСИИ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ДОРОИҲОИ ГАРДОНИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОРӢ

3.1. Таҳлили нишoндиҳандаҳoи самаранoк истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ
Дар шароити иқтисодиёти бозоргонии фаъолияти хоҷагидорӣ мавқеи баланд бардоштани самаранокӣ ва ратсионалӣ истифодабарии дороиҳои гардон дар менеҷменти молияи субъекти хоҷагидорӣ афзуда истодааст. Дороиҳои гардон ба сифати олоти меҳнат баромад намуда, омили асосии фаъолияти хоҷагидории ташкилот мебошад. Зеро дороиҳо ин воситаҳои хоҷагидоририи субъект буда, барои гирифтани фоида дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ истифода бурда мешавад.

Бояд қайд намоем, ки дороиҳои гардон дар ташкилот дар ҳаҷм ва сохтори оптималӣ ва кофӣ барои фаъолият мавҷуд буда, аз фаъолияти мӯътадили ташкилот шаҳодат дода, рақобатнокии онро баланд мебардорад.

Интихоби усули таҳлили самаранок истифодабарии дороиҳои субъекти хоҷагидорӣ аз хусусият ва намуди фаъолияти ташкилоти таҳлилкунанда вобастагии зич дошта, аз вазифа гузоштаи роҳбарияти ташкилот вобаста мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии таҳлили истифодабарии дороиҳои гардон бояд диққати махсусро ба хусусияти соҳаи тиҷоратӣ ва раванди таҳлили дороиҳои гардон дод.

Ҳоло аз рӯи нишондиҳандаҳои самаранок истифодабарии дороиҳои гардоне, ки дар боби 1 омӯхта шуда буд, субъекти хоҷагидории ҶДММ “Кабири Хуҷанд” – ро дар солҳои охир дар ҷадвали 14 дида мебароем.

Таҳлили нишондиҳандаҳои гиргардиши ташкилот нишон медиҳад, ки суръати гардиши дороиҳои гардон дар ташкилот хеле суст мебошад. Аз ҳама бештар гардиши паст ин қарзҳои дебиторӣ ташкил мекунад, ки он дар соли 2019 2,34 гардишро ташкил карда, дар соли 2020 ба 2,86 гардиш баробар мебошад.
Ҷадвали 14 – Таҳлили нишондиҳандаҳои гирдгардиши ҶДММ “Кабири Хуҷанд” дар солҳои 2019-2020



Нишондиҳанда

Тарзи ҳисоб

Соли 2019

Соли 2020

Тамоюл

1

Нишондиҳандаи гардиши дороиҳои гардон


Нгдг = Д/Дг


0.72

1.47

0.76

2

Нишондиҳандаи гардиши маҳсулоти тайёр


Нгм = Д/ Мт


10.65

3.67

-6.98

3

Нишондищандаи гардиши захира

Нгз = ААМ/ЗММ


3.57

2.35

-1.22

4

Нишондиҳандаи гардиши қарзи дебиторӣ


Нгқд = Д/ Қд


2.34

2.86

0.52

5

Нишондиҳандаи гардиши воситаи пулӣ ва маблағгу-зории кӯтоҳмуддат


Нгдм = Д/ВП+Мк


32.93

366.72

333.79


Источник: Ҳисобукитоби муаллиф аз рӯи ҳисоботи молиявӣ
Ҳамчунин аз ҳама паст гардиши дороиҳои гардон ташкил мекунад, ки он дар соли 2019 0,72 ва дар соли 2020 1,47 гардишро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати мусбии фаъолияти ташкилот дар он аст, ки новобаста аз паст будани суръати гардиши дороиҳо дар соли 2020 суръати гардиш камтар бошад ҳам нисбати соли гузашта баланд шудааст, ба монанди гардиши воситаи пулӣ дар соли 2020 366 маротибаро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта ба 333 гардиш зиёд буда, ин хеле нишондиҳандаҳои хуб барои ташкилот мебошад.

Ба ташкилоти мазкур тавсия дода мешавад, ки барои баланд бардоштани гардиши дороиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳоло гардиши дороиҳои ташкилотро аз рӯи рӯзҳои гардиш дар ҷадвали зерин таҳлил менамоем.
Ҷадвали 15 – Таҳлили нишондиҳандаҳои давомнокии гардиши ҶДММ “Кабири Хуҷанд” дар солҳои 2019-2020



Нишондиҳанда

Тарзи ҳисоб

Соли 2019

Соли 2020

Тамоюл

1

Давомнокии як гардиши дороиҳои гардон, бо руз

Дгдг = (Дг*365)/Д



286.30


248.30


-38.28

2

Давомнокии гардиши захирахо бо руз

Дгз = (ЗММ*365)/ ААМ;


102.18


155.26


53.07

3

Давомнокии гардиши қарзи дебиторӣ, бо рӯз

Дгқд = (Қд*365)/Д


156.19


127.83


-28.36

4

Давомнокии гардиши қарзи кредиторӣ, бо рӯз

ДГқк =(Қк*365)/Д


237.4


113.21


-124.19

Источник: Ҳисобукитоби муаллиф аз рӯи ҳисоботи молиявӣ
Таҳлили давомнокии гардиши дороиҳои гардон нишон дод, ки аз ҳама давомнокии пастро давомнокии гардиши қарзи кредиторӣ ташкил мекунад, ки ин нишондиҳандаи хелебад барои ташкилот мбошад