ВУЗ: Не указан
Категория: Не указан
Дисциплина: Не указана
Добавлен: 22.11.2023
Просмотров: 87
Скачиваний: 2
ВНИМАНИЕ! Если данный файл нарушает Ваши авторские права, то обязательно сообщите нам.
Таҷрибаи якчан солаи воридоти ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти гӯшти корхона ин ширкат қарор дод ки маҳсулоти ашёи хомро худи корхона тайёр намояд
Ин ширкат соли 2014 бо номи Кабири Хуҷанд дар як ҳудуди муайян чой гирифта бо тачхизоти нави замонави ба коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти гӯшти ва шири аз қайд гузашта ба фаъолият оғоз намуд
Корхона барои истеҳсолот якчанд таҷҳизотхои нави замонави аз хориҷа ба монанди Интермик польша Компо Белоруссия Поликлип Германия харидорӣ намуд.
Айни хол ин корхона зиёда аз 30 намуди маҳсулотро истеҳсол карда истодааст ва дар бозори дохили ин махсулот ба фуруш гузошта шудааст.
Кабири Хуҷанд сол аз сол намуди молҳои худро зиёд карда истодааст ва дар қатори 3 ширкатҳои бузурги истеҳтоли маҳсулоти гӯшти ва калбаса дар Точикистон дохил мешавад.
Сифати маҳсулот ҳамавақт кори аввалиндараҷаи асосии ширкат буд. Маҳз барои ҳамин барои бо сифат истеҳсол намудани ҳасиб корхона технологро аз Аврупо овардааст. Дар ширкат лабораторияе мавҷуд аст, ки дар он ҷо ашёи хом ва маҳсулоти тайёрро технолог аз ташхис мегузаронанд. Маҳсулотҳое, ки аз ташхиси сифати намегузаранд дар бозор барои фурӯш гузошта намешаванд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кабири Хуҷанд» ба муваффақиятҳои худ нигоҳ накарда, мехоҳад аз ин ҳам бештар комёб гардад, мардумро бо маҳсулотҳои баландсифату арзони ватанӣ таъмин намояд. Дар оянда нақша дорад, ки доираи фаъолияташро васеъ гардонида маҳсулоташро ба давлатҳои Осиёи Миёна барои фурӯш пешкаш намояд.
Яке аз самти асосии баҳодиҳии самаранокии истифодабарии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ ин гузаронидани таҳлили сохтори дороиҳои гардони ташкилот мебошад.
Аз ҳамин лиҳоз дар зербоби мазкур таҳлили сохтор ва таркиби дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ аз рӯи ҳисоботи ҳолати молиявии корхона дар соли 2019-2020 дар ҷадвали зерин гузаронида мешавад.
Ҷадвали 9 - Таҳлили сохтори активи тавозуни корхона барои солҳои 2019-2020
Нишондиҳандаҳо | Маблағ, бо сомонӣ | Вазни қиёс, бо % | Тамоюл | |||
2019 | 2020 | 2019 | 2020 | Мутлақ | Вазн, % | |
Дороиҳои гардон | 258941 | 498142 | 56,3 | 48,6 | 239201 | -7,7 |
Дороиҳои ғайригардон | 201366 | 526753 | 43,2 | 51,4 | 325387 | +8,2 |
Ҳамагӣ дороиҳо | 460307 | 1024895 | 100 | 100 | 564588 | |
Таносуби дороиҳои гардон ба ғайригардон | 1,28 | 0,945 | | | 0,735 | |
Сарчашма: Ҳисобукитоби муаллиф аз рӯи ҳисобот
Чӣ хеле ки аз таҳлили сохтори дороиҳои субъекти хоҷагидорӣ маълум мешавад қисми зиёди дороиҳоро дар соли 2019дороиҳои гардон ташкил намояд, дар соли 2020 қисми асосии дороиҳоро дороиҳои ғайригардон ташкил мекунад. Сабаби асосии ин харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ аз тарафи субъекти хоҷагидорӣ мебошад.
Инчунин қайд намудан лози аст, ки дороиҳои ташкилот дар соли 2020 нисбати соли 2019 ба 564588 сомонӣ зиёд гаштааст, ки сабабаи ин ҳам зиёдшудани дороиҳои гардон ба 239201 сомонӣ ва ҳамчунин дороиҳои ғайригардон ба 325387 сомонӣ мебошад.
Таносуби дороиҳои гардон ба ғайригардон нишон медиҳад, ки дороиҳои гардон дар соли 2019 1,8 маротиба аз дороиҳои ғайригардон зиёд буда, аммо дар соли 2020 кам шуда ба 0,945 маротибаро ташкил дод. Бояд қайд намоем ки ҳаҷми дороиҳои гардон барои истеҳсоли бефосила ва фаъолияти хоҷагидории субъекти хоҷагидор кофӣ мебошад.
Ҳоло сабаби зиёдшудани дороиҳои гардонро дар ҷадвали зерин таҳлил менамоем.
Ҷадвали 10 – Таҳлили сохтори дороиҳои гардони корхона
барои солҳои 2019-2020
Нишондиҳандаҳо | Маблағ, бо сомонӣ | Вазни қиёс, бо % | Тамоюл | |||
2019 | 2020 | 2019 | 2020 | Мутлақ | Вазн, % | |
Воситаи пулӣ | 10015 | 2000 | 3,87 | 0,40 | -8015 | -3,47 |
Қарзи дебиторӣ | 141126 | 256872 | 54,50 | 51,48 | 115746 | -3,02 |
Захираҳои молию моддӣ | 87111 | 239221 | 33,64 | 46,30 | 143910 | 12,66 |
Дигар дороиҳои гардон | 20689 | 9049 | 7,99 | 1,81 | -11640 | -6,18 |
Ҳамагӣ дороиҳои гардон | 258941 | 498942 | 100,00 | 100,00 | 240001 | |
Сарчашма: Ҳисобукитоби муаллиф аз рӯи ҳисобот
Чӣ тавре ки аз ҷадвал дидан мумкин аст, дороиҳои гардони корхона аз воситаи пулӣ, қарзҳои дебиторӣ, захираҳои молию моддӣ, инчунин дигар дороиҳои гардон иборатанд. Маблағи умумӣ дороиҳои гардон дар соли 2019 258941 сомонӣ ва дар соли 2020 498942 сомонӣ баробар аст. Дар сохтори он барои солҳои 2019 – 2020 қисми асосиро қарзи дебиторӣ ташкил мекунанд, ки вазни онҳо дар умум ба 54,5% ва 51,48% - ро ташкил мекунад. Инчунин 33,64% дар соли 2019 ва 46,3% дар соли 2020 захираҳои молию моддӣ, дигар дороиҳои гардон 7,99% дар соли 2019 ва 1,81% дар соли 2020 ташкил мекунад.
Сабаби асосии зиёдшудани дороиҳои гардони ташкилот ин дар зиёдшудани қарзи дебиторӣ ба 115746 сомонӣ ва захираҳои молию моддӣ ба 143910 сомонӣ мебошад.
Ҳоло сохтори захираҳои молию модии корхонаро таҳлил менамоем.
Ҷадвали 11 – Таҳлили сохтори захираҳои молию моддӣ
барои соли 2019-2020
Нишондиҳанда | Маблағ, бо сомонӣ | Вазни қиёс, бо % | Тамоюл | ||
2019 | 2020 | 2019 | 2020 | ||
Ашёи хом ва масолеҳ | 55984 | 56753 | 64,3 | 23,74 | - 40,56 |
Истеҳсолоти нотамом | 1913 | 16726 | 2,2 | 7,0 | 4,8 |
Маҳсулоти тайёр | 29214 | 153153 | 33,5 | 64,00 | 30,5 |
Хароҷоти давраи оянда | 0 | 5488 | 0 | 2,3 | 2,3 |
Дигар захираҳо | 0 | 7101 | 0 | 2,96 | 2,4 |
Ҳамагӣ захираҳои молию моддӣ | 87111 | 239221 | 100 | 100 | |
Сарчашма: Ҳисобукитоби муаллиф аз рӯи ҳисобот
Чӣ хеле ки аз таҳлили сохтори захираҳои молию моддӣ маълум мешавад дар давраи ҳисоботи ҳаҷми захираҳои молию моддӣ хеле зиёд шудааст, ки ин аз васеъ намудани фаъолияти истеҳсолии корхона шаҳодат медиҳад. Инчунин зиёд шудани маҳсулоти тайёр ба 30% нисбати соли 2019 низ аз ин шаҳодат медиҳад. Бояд қайд намоем, ки хароҷотҳои давраи оянда ва дигар захираҳо дар соли 2019 мавҷуд набуданд, аммо дар соли 2020 онҳо ба вуҷуд омада 5488 сомонӣ ва 7101 сомониро ташкил доданд.
Бояд қайд намудан лозим аст, ки корхона маблағи зиёдро барои истеҳсоли нотамом сарф кардааст, ки маблағи он 16726 сомониро ташкил дод. Маблағи сарфшуда нисбати соли 2019 3 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамин тавр таҳлили сохтори дороиҳои гардон аз ҳаҷми зиёди ишғол намудаи қарзҳои дебиториро шаҳодат медиҳад, ки он аз тарафи корхона бояд дар оянда таҳлил карда шуда, дебиторонро барои саривақт пардохт намудани қарзҳо ҳавасманд гардонад.
2.2. Таҳлили сохтории сарчашмаҳои маблағгузории дороиҳои гардони ташкилот
Дороиҳои гардони ташкилот аз рӯи сарчашмаи ташаккулёбӣ ба чуниннамудҳо ҷудо карда мешаванд: худӣ, ҷалбшуда ва қарзӣ.
Сарчашмаҳои маблағгузории худии ташаккули дороиҳои гардон инҳоянд:
Расми 6 - Сарчашмаҳои ташаккули дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ
Сармояи оинномавӣ сармояи ибтидоиест, ки ба корхона барои амалӣ намудани фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ бо мақсади гирифтани фоида зарур мебошад.
Сармояи иловагӣ дар ҷараёни афзоиши арзиши амвол, ки дар натиҷаи аз нав нархгузорӣ муайян гаштааст; гирифтани даромади эмиссионӣ (аз барориши иловагии саҳмияҳо, фурўши саҳмияҳо зиёда аз нархи номиналиашон); ба таври бебозгашт гирифтани арзишҳо ва ё амвол аз корхонаҳо ва шахсони дигар, пайдо мешавад.
Фоида натиҷаи молиявии фаъолияти корхона дар давраи ҳисоботӣ, яъне барзиёдии даромад нисбати хароҷот.
Аз ҳисоби фоидаи корхона фонди эҳтиётӣ ва фонди истеъмол ташкил дода мешавад.
Захираҳои молиявии ҷалбшуда хосияти дуҷониба доранд, зеро, аз як тараф, ин воситаҳо дар гардиши корхона қарор дошта, аз ҷониби дигар, ба кормандони корхона тааллуқ доранд (дивидендҳо ва фонди истеъмол).
Ба захираҳои молиявии ҷалбшуда инҳо дохил мешаванд: фонди истеъмол, дивидендҳо ва дигар пардохтҳо ба муассисони корхона, даромадҳои марҳилаҳои минбаъда, захираҳо барои хароҷоти дарпешбу - да ва пардохтҳо.
Захираҳои молиявии қарзӣ ин воситаҳоест, ки бо шартҳои баргардонидан, мўҳлатнокӣ ва музднокӣ истифода мешаванд. Ба захираҳои молиявии қарзӣ инҳо дохил мешаванд, ки дар расми зерин тасвир карда шудааст.
Расми 7 - Сарчашмаҳои маблағгузории қарзии дороиҳои гардони субъекти хоҷагидорӣ
Қарзҳои бонкӣ маблағҳоест, ки бонкҳо ба корхонаҳо ва шахсони воқеӣ дар мўҳлати муайян, бо шарти пардохти фоиз барои истифодаи қарз медиҳанд.
Қарзҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ қарзҳоест, ки бо шартҳои баргардонидан, мўҳлатнокӣ ва музднокӣ дода мешаванд.
Қарзи тиҷоратӣ ин муносибати молиявӣ-хоҷагидорӣ байни шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми фурўши маҳсулот, иҷрои корҳо ва ё хизматрасонӣ бо дароз намудани мўҳлати пардохт аст.
Факторинг ин шакли махсуси қарз аст, ки ҳангоми амали он бонк талаботи пардохтии ин ё он ташкилотро мехарад ё худ бо он пардохтҳоро қабул менамояд.
Лизинг ин ба иҷораи тўлонӣ додани амволи манқул ва ғайриманқул, ки дар баъзе ҳолатҳо харидани он амволро ба иҷорагиранда иҷозат медиҳад.
Қарзи кредиторӣ ин қарз оиди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо, векселҳои додашуда, пешпардохтҳои қабулшуда, ҳисобҳо бо буҷетҳо ва фондҳои ғайрибуҷетӣ, пардохти музди меҳнат, дар назди корхонаҳои фаръӣ, бо дигар қарздиҳандагон мебошад.
Ҳоло сарчашмаҳои худии маблағгузории дороиҳои гардонро дар ҷадвали зерин таҳлил менамоем.
Ҷадвали 12 – Таҳлили тамоюл ва сохтори сарчашмаҳои худии маблағгузории дороиҳои гардон дар солҳои 2019-2020
Нишондиҳандаҳо | Соли 2019 | Соли 2020 | Тамоюл | |||
Сомонӣ | бо % | Сомонӣ | бо % | Мутлақ | Нисбӣ,% | |
Сармояи оинномавӣ | 219202 | 96,71 | 220161 | 95,31 | 959 | 0,44 |
Сармояи иловагӣ | 1600 | 0,71 | 1850 | 0,80 | 250 | 15,63 |
Фоидаи тақсимнашуда | 5849 | 2,58 | 8974 | 3,89 | 3125 | 53,43 |
Ҳамагӣ Сармояи худӣ | 226651 | 100,00 | 230985 | 100,00 | 4334 | 1,91 |